БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБДАВЛАТӢ АЗ ФАЙЗИ ИҶЛОСИЯИ 16 –УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

ХОВАЛИНГ.    Дар  ташкилоти ибтидоии “Ҷомбахт”-и  деҳаи Ҷомбахти ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба  Иҷлосияи тақдирсози 16 -уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Соҳибдавлатӣ аз файзи Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст” суҳбат гузарониданд.

Дар суҳбати доирнамуда дар бораи аҳамияти таърихии ин иҷлосия, ки сохти конститутсиониро азнав барқарор намуд, ба таври васеъ маълумот дода шуд.

Гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳо дар ин иҷлосия ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шудани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хиради азалӣ тавонист оташи ҷангро хомӯш намояд, гурезагонро баргардонад, мамлакатро аз вартаи ҳалокат ва нобудшавӣ наҷот диҳад ва онро ба як давлатӣ рӯ ба тараққӣ табдил диҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg