БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҶАВОНМАРДОН АСТ

ФАРХОР. Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки байни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо  гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Марғзори деҳоти Хутан ва Муҳоҷирободи деҳоти Дарқад мулоқоти судманд гузаронида шуд.

Дар ин вохӯриҳо бештар аз 200 нафар сокинони деҳоти наздисарҳадӣ ширкат доштанд.

Масъулин  дар баромадҳои худ оид ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии кишвар, сол то сол бештар шудани дараҷаи зиндагии аҳолӣ, моҳ ба моҳ паст шудани сатҳи камбизоатӣ сухан ронда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, муқаддас будани хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg