АНДЕША. Қудрат, силоҳ, сармоя, молу мулк, дороӣ, тавоноӣ ва дигару дигар амсоли инҳо ягон арзишу қиммате надоранд вақте, ки дар давлат сулҳу ваҳдат, оромиву якдигарфаҳмӣ ва осудагӣ набошад.
Ва мо мардуми тоҷик хушбахттарин шахсоне ҳастем, ки Худованд ба мо шахсеро, ки барои миллати худ сулҳу ваҳдат ва осоиштагиро ҳадя кард насиб гардонид ва ин шахси абармард Эмомалӣ Раҳмон ном дорад. Ҳамин фарзонафарзанд буд, ки ба дилу дидагони пиру ҷавони миллати тоҷик шодиву фараҳ бахшид. Пешвои миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстии худододӣ тавонистанд миллати парокандаро аз нав барқарор намоянд.
Бале, ӯ яке аз фарзандони шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати куҳанбунёди тоҷик бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунанд ва сидқан дӯст медоранд. Шахсеро, ки баҳри беҳбудӣ, некӯаҳволии халқ ва ободиву сулҳу суботи Ватан ҷонашро фидо мекунад кӣ дӯст намедорад? Абармардеро, ки ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагону маъюбон мебошад метавон дӯст надошт? Пешвое, ки Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин мубаддал гардонида, магар мешавад, ки дӯст надошт?
Аз ин ҷост, ки ӯро пиру ҷавон аз дилу ҷон ва сидқан дӯст медоранд ва чун Роҳбари беҳтарину оқилтарин, чун Шоҳи одилтарину саховатмандтарин, чун Пешвои муаззаму хирадманди давлат эътироф мекунанд. Дар ҳақиқат, Пешвои маҳбуби ҳамагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифаи олӣ арзанда аст ва ба ин марди Худодод шукрона бояд кард, ки Пешвои мост.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ