БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОБИ АЗ МЕЪЁР ЗИЁД БА ИНСОН ЗАРАР ДОРАД

АНДЕША. Табиат барои мо тақвими махсусро муайян намудааст. Дар вақти шабона инсон бояд бихобад ва дар вақти рӯзона ба фаъолият машғул гардад. Ин реҷа дар ҳама маврид бояд риоя карда шавад. Вақти хоб ҳам тибқи дастури коршиносон 8 соат муайян карда шудааст. Дар вақтҳои гармии боду ҳаво инсонҳо бештар ба хоб кардан майл мекунанд. Аммо дар ин маврид онҳо аз ҳама қиматтарин вақти худро аз даст медиҳанд. Қисмате аз афрод бештар ба хоб кардан майл доранд, ки ин амали онҳо ба гуфтаи мутахассисон ба баданашон зиён мерасонад.

Аз меъёр зиёд хоб рафтан узвҳои баданро заиф мегардонад, ба бемориҳои фарбеҳӣ ва дигар бемориҳо инсонро дучор мекунад. Аз ҷониби дигар узв ва бофтаҳои инсонро нозуку нотавон менамояд. Бадани инсон бештар ба машқ ва корҳои ҷисмонӣ эҳтиёҷ дорад. Чунки дар ин маврид бештари маводҳои зиёдатӣ аз узвҳои инсон хориҷ мешавад. 

Хоби ба меъёр манфиаташ дар он аст, ки инсон шояд то охири умр одат кунад. Ва ин рафтораш ба он оварда мерасонад, ки бештари нақшаҳои гузоштаашро ба иҷро мерасонад. Мувофиқи маълумоти таҳлилгарону коршиносон баъзан инсонҳо нисфи зиёди ҳаёти худро дар хоб мегузаронанд. Пас зарур аст, ки дар ҳаёти худ тибқи реҷа фаъолият карда, ба кам хоб рафтан одат намоем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg