БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА МАНФИАТИ ҲАР КОРХОНА

АНДЕША. Дар шароити мусоир зарур аст, ки ҳар як корхона бо усули нав кор ва хизматрасонии худро ба роҳ монда, мардум ба он бештар таваҷҷуҳ дошта бошанд. Дар ин самт баъзан корхонаву идораҳо коршиносону равоншиносонро ҷалб менамоянд. Корбариву фаъолият низ навгониро талаб мекунад. Усулҳои куҳнашуда бояд бо рушди технологияҳои муосир иваз ва ба шакли нав дароварда шаванд.

Бубинед ҳар як корфармо мехоҳад, ки фаъолияти коргоҳ ё корхонааш беҳтару хуб ва манфиатовар бошад. Камбудиҳояш кам бошаду дастовардҳояш бештар. Доимо мардум ба онҳо таваҷҷуҳ дошта бошанд. Пас ин корро, ки метавонад анҷом диҳад. Албатта, корманд ё ин, ки мутахассис. Дар баъзан маврид барои корманд ё мутахассис танҳо гуфтани як “боракалло” ё “Аҳсан” кифоя аст. Агар зарурат бошад ҳар як ниҳод кормандонашро ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб созад ва ба онҳо ҷиҳати иҷрои амалҳои наҷиб подош  ва ҳавасмандкуниҳо диҳад. Ин усул ба қалби ҳар як корманд умеду боварӣ бахшида, дили онҳоро ба вазифаи ишғолнамудааш гарм менамояд.

Такмили ихтисос дар шароити имрӯза на кам дар як сол аз се то чор маротиба амалӣ карда шавад. Чунки навгониҳои баамаломадаи ҳаррӯза ба воситаи шабакаҳои интернет ва телевизион таблиғу ташвиқ карда мешавад.

Такмили ихтисос ба идоракунии самараноки ҳар як корхона заминаи мусоид гузошта обрӯ ва нуфузи онро баланд мебардорад. Кормандон ба мисли муҳаррик ҳар як корхонаро бакор медароранд, дар сурати заиф ва бе таваҷҷуҳ будан корхона ба мушкилотҳо рӯ ба рӯ шуда, наметавонад фаъол бимонад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg