ВАХШ. Дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш озмуни “Расми беҳтарин” доир карда шуд.
Дар озмуни мазкур хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, расмҳои тасвир намудани худро, ки дар он Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасоти давлатӣ инъикос карда шудаанд, пешкаши ҳакамон намуданд.