БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ТАБЛИҒГАРИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА!

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” вохӯрии навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзои фаъоли ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин аз ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ сухан ронда, иброз доштанд, ки узви ҲХДТ будан аз худ масъулияти бузургеро талаб менамояд. Чуноне, ки Раиси муаззами он Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд,  ҳар як аъзои ҳизб бояд ҷидду ҷаҳд намояд, ки дар тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғгари ҳамешагии сиёсати бунёдкорона ва созанда, ки ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт ва саодати мардуми кишвар нигаронида шудааст, ҷойгаҳи муносиб дошта бошад. Аз ин рӯ,  ҳар яки мо-аъзои ҳизбро зарур аст, ташаббускору таблиғбар, созандаю бунёдкор бошем. Инчунин, масъулин оид ба тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg