БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

“Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқилолияти миллӣ ва давлатдории муосири асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”

  Эмомалӣ  Раҳмон

АНДЕША. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мешавад. Инак, мо тоҷикон низ 29-сол мешавад, ки Парчами миллии худро баланд афрохта, дар болои сари миллати зафарманди тоҷик чун бахту сарфарозӣ парафшони намуда, аз ҳастиву устуворӣ ва мустаҳкамиву пояндагии миллати куҳанбунёди тоҷик башорат медиҳад. Зери ҳамин Парчам мо якпорчагии кишвари худро ҳифз намуда, ба сулҳу ваҳдати пойдор расидаем. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчами миллӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Зеро  парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти  милливу давлатӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якдилии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат, симои воқеӣ ва таърихиро инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи хаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ роҳнамун менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.

Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидони тоҷик ва сабзии хати дафтару девони пешиниён сарчашма мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хурамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “Ниёгони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд...” барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу суботи миллӣ, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат ва рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор гирад.

Маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат парчами мо дар байни тамоми мамлакатҳои дунё мақому манзалати худро ёфтааст ва моро месазад, ки дар зери ин муқаддасоти миллӣ бо ҳам муттаҳид шуда, баҳри рушди кишвари азизамон талош варзем ва пайгири сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Таварзода Азизҷон Раҷабалӣ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg