БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сулҳу ваҳдат сарчашмаи пойдории оромии кишвар

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик таҳти роҳбарии   раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид  дар ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, омодагиҳо ба ҷашни 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули аъзои нави ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.  

Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 ва аз таърихи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.

Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳа Миракова Ҳанифа андешаҳои худро баён намуда, аз баргузории чунин вохӯриҳои судманд изҳори қаноатмандӣ кард. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg