БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонӣ дар маҳал идома доранд

ПАНҶ. Гурӯҳи кории таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар ҳайати Шомаҳмадзода Музаффар мудири шуъбаи иттилоот, матбуот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, мутахассиси шуъбаи мазкур Холов Диловар бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  Файзиев Каримҷон бо корҳои ободонию созандагии маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳот шинос шуда, ҳамзамон бо сокинони ин маҳаллаҳо суҳбатҳои судманд баргузор намуда истодаанд.

Дар маҳаллаи Сомонӣ 4-и ҷамоати деҳоти Намуна бо мардуми меҳнатқарини ин мавзеъ вохӯрии ҷолиб баргузор намуданд. 

Сараввал масъулон   бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, зиндагии сокинони ин маҳал, ҳамзамон  бо ҳолати нашъунамои пахтазори ин мавзеъ, ки шуғли асосии мардуми ин ҷамоат мебошад,  дидан намуда, ба меҳнату заҳмати онҳо баҳои баланд доданд. 

Файзиев Каримҷон дар баромадаш  бо шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдати миллӣ, аз комёбиҳои  солҳои охири кишвар дар соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ сухан намуда, таъкид намуд, ки танҳо дар 2 соли охир бо шарофати иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мо иншоотҳои таъиноти гуногун сохта ба истофода дода шуданд, ки шаҳодат аз пешрафту шукуфоии диёрро медиҳанд.

Ҳамзамон, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал ва диёри биҳиштосо аҳлона заҳмат кашида, зери сиёсати пешгирифтаи Сарвари  сулҳпарвару ваҳдатофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид бошанд.

Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани робитаи ҳизб бо маҳал дар маҳаллаи Сомонӣ-4 ташкилоти ибтидоии ҳизб бо номи «Оли Сомон» таъсис дода шуда, аз ҷумлаи фаъолтарин  сокинони маҳалла ба сафи ҳизб қабул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg