БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЧАШМИ ДИЛИ МИЛЛАТРО БЕДОР НАМУД

АНДЕША.  Баъди ҳазорсолаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандўстиву ватанпарастиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ. Аз ҷумла: “Аз ориён то Сомониён”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Дин ва ҷомеа”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ба ҳамватанону оламиён пешниҳод кардаанд. Ба хотири сарҷамъиву ваҳдати миллат нахустин шиорҳои пур аз меҳр ба Ватан-Тоҷикистони азиз аз забони Сарвари миллат садо додаанд, ки мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад ва ё Тоҷикистони озоду соҳбистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо бо ҳамин даъвату ҳидоятҳои ватанпарастона Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чашми дили миллатро бедор ва ба андешаи Истиқлол водор намуданд. Чунки  Истиқлоли тоҷик шарафу номуси ҳар як инсони ватандор аст. Воқеан агар имрўз дар ниҳоди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ андешаи Истиқлол бедор набошад, пас вай ба қавли Мавлонои Балхӣ: Чу моҳӣ зиндаи дарёву дарёро намедонад ва ё беномусиву бешарафӣ ва андешаи ноҳақро пеша кардааст.

Қосимов Ф., мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg