ҶАЙҲУН. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷайҳун гузаронидани ваксина алайҳи коронавирус бо шиддат идома дорад.
Қисми зиёди аҳолӣ барои гузаронидани ваксина розӣ буда, мегӯянд эмгузаронӣ ва иммунитети баланд доштан хубтар аст аз оне, ки ин бемориро бо вазнинтарин ҳолатҳо мегузаронем.
Ба гуфтаи коршиносони соҳаи тиб, ягона роҳи муҳофизати худ ва наздикон аз беморие, ки метавонад боиси марг ё бад шудани вазъи саломатӣ муддати тӯлонӣ гардад, ваксин аст. Ваксина бар зидди коронавирус иқтидори эҷоди масунияти доимӣ ба COVID-19-ро дорад.