БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН МЕҲАНАМ!

         Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,

         Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

         Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,

         Роҳнамо бар шаҳраки авҷи саодат гаштааст.

АНДЕША. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 24 ноябри соли 2009 Рузи Парчами давлатӣ таҷлил карда шуд ва аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги Сурх – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад.

Ранги Сафед – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ ояндаи дурахшони Ҷумҳуриро ифода мекунад. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд. Инчунин ранги сафед рамзи хубию хушнудӣ низ мебошад.

Рамзи Сабз – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасфир мекунад.

Тоҷ – дар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати остон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии Ватан иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву бародарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.

                   Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,

                   Пойдории мақоми ориёнам парчам аст.

Эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад.

Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

                   Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

                   Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

                   Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

                   Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

Назурова Суман, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg