БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО - ҶАВОНОН АСТ!

АНДЕША. Тоҷикистон баъд аз  пош хӯрдани Иттиӽоди Шӯравӣ соли  1991  дар як вазъияти бениӽоят мураккаб қарор дошт, ба ин нигоӽ  накарда 9 сенябри соли 1991 мо тавонистем соӽиби истиқлолият гардем, аммо Тоҷикистон дар вазъияти бениӽоят ногувор қарор дошт. Дар  дохили кишвар ҷангӽои шаӽрвандӣ сар зад  ва баъзе аз  ӽамватанони мо аз  манзили истиқоматии худ  маӽрум гашта, қисми дигари он  қурбони ҷанги шаӽрвандӣ гардиданд. Дар таърихи миллати тоҷик ин  фоҷиаи гарон чун саӽифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст,  то  дарси ибрат шавад, ба наслӽои имрӯзу фардои миллат. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саӽифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам  Эмомалӣ  Раӽмон соли  1992 дар  ин Иҷлосия  ӽамчун раиси Шӯрои  Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон интихоб гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро  ба  вуҷуд оварда, мардумро  ба  ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро  аз  рӯзи аввали  ба  вазифа шуруъ намудан ба  мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки ман  ба ӽар  яки  шумо муроҷиат карда бовар мекунонам ва қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои  дар ӽар хона ва ӽар оила барқарор шудани сулӽ равона  карда, барои шукуфоии давлати азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин  нияти муқаддас агар лозим шавад ҷони худро нисор мекунам.  Ана  ӽамин  нияту амали ҷасуронаи Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам  Эмомали  Раӽмон буд, ки имрӯз давлати мо тинҷу  ором аст ва мо ҷавонон шукронаи  ӽамин  тинҷию оромии кишварамонро  мекунем. 

Олимов Раӽмоналӣ, мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg