БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Хатлон  Раҳимзода Раъно, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода ва дигар занони фаъолу собиқадори касбу кори гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд.   

Дар ҷараёни конфронс аз ҷониби баромадкунандагон зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg