БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ХОНАНДАГОН

МУЪМИНОБОД. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Маҳз 16-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуда, роҳбарии давлат ба он кас дода шуд. Аз ин рӯ, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, иброз гардид аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо хонандагони синфҳои болоӣ.

Инчунин, дар рафти мулоқот  доир ба Иҷлосияи тақдирсоз ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат миёни хонандагон саволу ҷавоб сурат гирифта, иолибилмон ба суолҳои хеш посухҳои судманд гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg