АНДЕША. Илм ба монанди баҳру уқёнус канор надорад. Донишмандон тамоми умри хешро ба омӯзиши илм сарфа намуда ва дар охир мегӯянд, ки аз баҳри илм қатрае онро аз худ кардаанду халос. Пас илм чунин бе ҳадду канор бошад мо инсонҳо доимо ба омӯзиши таълиму тарбия ниёз дорем. Дар ин робита бояд ҷиддӣ бошему вақти қимати худро ҷиҳати омӯзиши илм сарфа кунем.
Дар баъзан мавридҳо аз ҷониби баъзе шахсиятҳо гуфта мешавад, ки ман соҳиби ду диплом аммо ин масъаларо намефаҳмам. Албатта ин хатост зеро ҳар як нафар дар баробари надоштани илму дониш фаҳмиши худро дорад. Зеро ӯ дар таҷрибаи зиндагиаш дидаасту медонад, ки чи гуна ҳаст матраҳ кардани ин масъала. Аз ин лиҳоз мо вақте, ки дар ҷомеаи имрӯза ҳаёт ба сар мебарему дар олами мо ҳар лаҳзаву сония ихтирооти ҷадид ба амал меояд, мо бояд пайваста дар омӯзиш бошем.
Як мисоли оддӣ агар мо даҳ дақиқа рӯзномаҳои давриро саҳифагардон кунем, чи қадар маълумотро ба худ мегирем инро танҳо мо медонем. Аммо бештари нафарон ба ин диққат намедиҳанд, ҳатто баҳона пеш меоранд, ки ба харидани рӯзнома зӯрамон намерасад. Ин дуруст. Ман бо ҳамсабақонам дар назди дӯкони рӯзномафурӯшӣ соатҳо меистодему хабару мақолаҳоро мехондем касе ба мо чизе намегуфт. Ҳаёти донишҷӯиро бо мушкилотҳояш танҳо худи донишҷӯ медонаду дарк менамояд.
Дар шароити имрӯза бошад, дастрасӣ ба шабакаи интернет, китобхонаҳои барҳаво бо тамоми адабиёт таъмин фаъолият менамоянду қисме аз шаҳрвандон кам диққат медиҳанд ба омӯзиши илм.
Беҳтарин шахс ҳамон аст, ки ба хондану омӯзиш одат менамояду пайваста вақти худро дар фаҳмиши дигаргуниҳои замонаш сарф мекунад.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ