АНДЕША. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо вобаста ба муқовимат ба коррупсия омадааст, ки: “муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад”.
Коррупсия амалест, ки аз солҳои қадим миёни шаҳрвандон бо усулҳои гуногун мавҷуд мебошад. Мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ тамоми шохаҳои давлатро заиф намуда, ба азму иродаи ҳар як нафар таъсирӣ манфӣ мерасонад. Аз ҷониби дигар мавҷуд будани коррупсия дар ҷомеаи хавф дошта, зиёнашро ба тамоми қишрҳои он мерасонад.
Аз ин лиҳоз дар тамоми давлатҳои абарқудрат вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бурда мешавад. Шаҳрвандон дар ин самт фаъол буда, дар сурати мавҷуд будани ҳаракатҳои коррупсионӣ ба мақомотҳои дахлдор маълумот медиҳанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари эътироф намудани санадҳои байналмилалӣ дар муқовимат бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба монанди Стратегия, Барнома, Қонун ва зерқонун қабул намудааст. Агар мо ба таҷрибаи дигар давлатҳо назар афканем, то шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол набошанд наметавон ҳамагуна амалҳои нангину доғдоркунандаро аз ҷомеа берун созем.
Чунки амалҳои коррупсионӣ дар баробари ҷиддӣ ва мушаххас шудани талаботи қонунгузорӣ онҳо ҳам тағйир меёбанд. Танҳо василаи кам кардани ин амалҳо фаъол будани шаҳрвандон дар пешгирии коррупсия мебошад.
Барои мо зарур аст, ки дар замири насли наврас муқовимат бо коррупсия ва дигар амалҳои нангинро ҷой намоем дар ин сурат ҷомаеи мо рушд менамояд.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ