БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

КӮШОНИЁН. Масъулини шуъбаҳои таблиғот ва кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади маълумот пайдо намудани шаҳрвандон оид ба Парчами давлатӣ, моҳият ва тарғибу ташвиқи васеи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии 14 вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ҳамасола моҳи ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се санаи таърихиро ҷашн мегиранд, ки ин ҳам бошад, "6 - ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "16- ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "24 - ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад.

Ҳамасола, дар тамоми манотиқи кишвар санаи 24 - ноябр "Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ботантана ҷашн мегиранд. Бахшида ба ин санаи таърихӣ вохӯриву чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад. Вохӯрии имрӯза низ дар доираи ин чорабинӣ буда, ҳамаи мову Шуморо зарур аст, ки доир ба ин ҷашнҳои муҳими сиёсӣ маълумоти амиқу дақиқ дошта бошем.

Вобаста ба ҷашни дарпешистода - 24 - ноябр "Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба иштирокдорон маълумотҳои мушаххас дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg