БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ИФТИХОРИ МО!

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоии ҳизбӣ ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи “Маркази саломатӣ”- и ноҳия чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Президенти мо – ифтихори мо” баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин суханронӣ намуда, аз корнамоиву ҷоннисориҳои Пешвои маҳбуби миллат, Президенти кишвар ёдовар гашта, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз табрик намуд.

Сипас, аз ҷониби фаъолон ва кормандони Маркази саломатӣ дар васфи Президент ва Пешвои муаззами тоҷикон шеъру суханҳо гуфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg