БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

АНДЕША. Санаи 16 ноябр мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем. Дар байни омма вожаи «Президенти мардумӣ» васеъ паҳншуда мебошад, ки натиҷаи эътирофи мардум аст. Вобаста ба ин вожа метавон якчанд ҷанбаҳои муҳимеро қайд намуд, ки онҳо ифодакунандаи ҳам сифатҳои шахсӣ ва касбии Пешвои муазами миллат мебошанд:

Омӯзиши  шарҳи ҳол ва роҳи то ба имрӯз тайкардаи Президенти мамлакат шаҳодати он аст, ки ӯ дар муҳити оддии оилаи деҳқон таваллуд шуда, ба воя расидааст. Аз ин ҷост, ки  тамоми пастию баландии зиндагӣ, муваффақияту мушкилӣ ва омаду ноомадиҳои рӯзгорро бо чашми хеш дидааст. Ҳамаи ин имконият додааст, ки аз вазъи воқеии ҳаёту зиндагии моддию маънавии мардуми оддӣ воқиф бошанду баҳри саодати рӯзгори онҳо пайваста талош варзанд.

Дуюм, ки  дорои хислати хос, яъне дардошноӣ мебошанд. Муваффақияти дилхоҳ сарвар дар он аст, ки агар ӯ дарди  аъзои ҷомеаро ҳамчун дарди шахси эҳсос карда тавонад. Дар ин масъалаи ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат дардошнои ҳама ҳастанд. Ба ятимону бепарасторон чун падару фарзанди меҳрубон, ба дардмандон чун давобахш ба эҳтиёҷмандон кумакрасон ҳастанд. Ин ҳамаро ҷомеа эҳсос мекунад ва ҳамин аст, ки хурдтарин узви ҷомеа «бобоҷон» гӯён унвонашон мекунанд.

Сеюм ин ки, аз популизми сиёсӣ бениҳоят дур ҳастанд. Ҳар кореро, ки ваъда доданд, иҷро карданд. Ман ба шумо сулҳ меорам гуфтанд, сулҳ оварданд, то як тоҷик берун аз Ватан аст ман худамро ором эҳсос карда наметавонам гуфтанд, ҳамаро сарҷамъ намуданд, Ватанамонро якҷоя обод мекунем гуфтанд, обод карда истодаанд. Хулоса ҳар қавле, ки дар назди мардум доданд, иҷро карданд. Ин эътимоду боварӣ ва муҳаббати мардумро  ба Президенти мамлакат хеле устувору қавӣ гардонидааст.

Пайваста дар байни мардум ҳастанд. Дар мушкилтарин шароит ҳам ба назди мардум мераванд. Мисоли аниқи ин гуфтаҳо сафарҳои кории Сарвари давлат дар шароити мушкили пандемия ба шаҳру ноҳияҳо бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум буд. Ҳамаи мо медонем, ки дар чунин вазъ аксар сарварони  давлатҳо ба реҷаи корбарии фосилавӣ гузашта буданд, вале Президенти мо  дар байни оммаи мардум буданд. Бо ин амали худ рӯҳияи ҷомеаро баланд мебардоштанд, эътимоди ҷомеаро ба паси сар кардани мушкилиҳо қавӣ мегардонданд. Ин ҳам шаҳодати воқеан ҳам мардумӣ будани Пешвои муаззами мост.

Баҳодур Хидиров,  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg