ЁВОН. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Олии маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ аз рафти зимистонгузаронӣ ва ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 боздид намуданд.
Рафти боздид маълум намуд, ки синфхонаҳо пурра ба фасли зимистон тайёр буда, хонандагон дар синфхонаҳои гарм таҳсил менамоянд. Таълиму тарбия низ, дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, хонандагон ба саволҳо посухҳои хуб гардониданд.