ЁВОН. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовор аз 29-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои ноҳияи Ёвон чорабиниҳои зиёдӣ маърифатию сиёсӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ доир карда шуд.
Дар деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо ташаббуси раиси ташкилоти Иттифоқ соҳибкор Роибов Дилшод бунгоҳи тибии замонавӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ сохта, ба ифтихори Рӯзи Президент ба мардуми деҳаи мазкур тақдим карда шуд.
Боис ба ёдоварист, ки бинои мазкур дар доираи иқдомҳои ҳизбӣ, яъне Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем!” амалӣ карда шуд.