ДАНҒАРА. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо иқдомҳои накӯкоронаи хонаводаи Давлатовҳо, ки аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо иштироки раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, сардори Сарраёсати маорифи вилояти Хатлон Олимзода Ашӯралӣ ва дигар шахсони даъватӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 280 ҷой дар як баст пешбинӣ гардида, дар он тамоми шароити таҳсил барои толибилмон фароҳам оварда шудааст.