БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии “Маркази саломатӣ”-и ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Зимни баромади худ Иботов Диловар мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Восеъ иброз намуд, ки маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарин ва зеботарин мубаддал гаштааст. Ба Тоҷикистони имрӯза назар карда метавон гуфт, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоби беҳтарин буд. Бо он ҳама заҳматҳое, ки Президенти муҳтарам кашидаанд агар солҳо сухан гӯем кифоя нахоҳад буд. Мо аз хушбахттаринҳоем, ки натиҷаи он ҳама заҳматҳоро бо чашми худ дида ва аз меваҳои ширини он истифода бурда истодаем.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Азиззода Баҳовуддин иброз намуд, ки мо кормандони соҳаи тиб ҳамаи заҳмату талошҳои Пешвои миллатро, ки барои мардуми тоҷик намудааст, фаромӯш нахоҳем кард ва сидқан баҳри ободии он сидқан фаъолият менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg