МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Нурободи ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бо сокинони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, масъулин зимни суханронӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии муҳтавои мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018, иштирок дар семинар-машварати кишоварзон дар ноҳияи Данғара аз 02.06.2018, афзоиш додани сафҳои ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ муқовимат бо коррупсия баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ ташкил карда шуда, раиси он А. Холиқов интихоб гардид.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия мувофиқи нақша идома доранд.