БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИН РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ

АНДЕША. Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон парафшонӣ мекунад. Ба ҷо овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандаст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият,  ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он такдири ояндаи давлати тоҷикон тахрези гардида, ба сӯи хадафҳои умумимиллии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кадамҳои нахустин гузошта шудаанд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиклоламон –Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсои таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар , яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии хукуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба хисоб мерафт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешаои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Чумхурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати  Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниход намуданд, ки аз тарафи умум чонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рузи Парчами давлатии Точикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюмин сохтмон» ва ширкати байналмиллалии «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м, ки баландтарин дар чаҳон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии ё паҳноии он 60м мебошад.

Дар чаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ рамзи гиромӣ дошта, яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфои ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯтиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

В. Абдуллоев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg