БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БО ПРЕЗИДЕНТИ ХУД БА РУШДИ КИШВАРАМОН БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ!

АНДЕША. Чун агар  таърихи давлатдории мамолики пешрафтаи ҷаҳонро саҳифа занем шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардореро вомехӯрем, ки онҳо дар мушкилтарин марҳалаҳои тақдирсози миллату давлат ба арсаи сиёсат омада, аз баҳри ҷони худ гузашта, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи халқу давлати худро муайян намуда, дар мавқеъ ва эътибор пайдо намудани давлаташон нақши пойбарҷо гузоштаанд.

Бо ин калом ва эҳтироми хоса дар фазилати партави мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебояд арҷ гузошту дар радифу кору пайкори ободгару бунёдкораш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷидду ҷаҳд бояд намуд. Зеро, ки эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсияти оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Ҳам акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мардумии моро ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти кишвар на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати  он дар асраи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд.

Метавон қайд кард, ки дар роҳи расидан ба сулҳу    ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон  нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллати тоҷик асло фаромӯш нахоҳад кард.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногустаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Бо бовари ва самимияти беандоза ба ояндаи неки имрӯзу фардои миллат рӯзи Президентро ба кули мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон муборакбод мегуям.

Қурбонов Носирҷон, мудири шуъбаи молиявии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg