БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЗАМИНАГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

АНДЕША. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Моҳияти тақдирсози иҷлосияи мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бо қарорҳои қабулнамудааш-махсусан, ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз парешонӣ ва давлатро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошт.

Ҳамасола ва бо тантана ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат, кишвари ободу зебо, шукуфону гулафшон, сулҳу ваҳдати пойдори миллӣ, шакли давлатдории президентӣ ва арҷ гузоштан ба сарварии содиқона ва холисонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва идораи президентии муваффақона мебошад. Зеро санаи 16 дар хотираи таърихи миллати тоҷик аз чанд ҷиҳат тақдирсоз, созанда, хотирмон ва фаромӯшнашаванда аст.

15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16-ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ворид гардидааст.

Қосимов Ф., мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg