ШАҲРИТУС. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии Литсейи касбии техникӣ”-и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маҷлиси тантанавӣ вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷлис, дар бораи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 – ноябр рӯзи савгандёдкунии нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ин хотир ин сана ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб гардид аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ андешаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки ин рӯзи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.