ДӮСТӢ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои фаъоли ҳизб маҷлиси тантанавӣ баргузор карда шуд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз баромад карда, ҳозиринро бо ин рӯзи мубораку муқаддас табрик намуд.
Сипас, кормандони масъули Кумитаи иҷроия низ ибрози андеша карда, оид ба саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлати навини тоҷикон ва пешрафти кишвари азизамон суханронӣ намуданд.