БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ПОЙДОР

Н.ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроия  бо  мақсади   таҷлили Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ “Маорифчиён”  ва  “Фарҳанг” бо  иштироки аъзои  ҳизб  бо риояи  қоидаҳои  беҳдоштию  зидди  эпидемикӣ  маҷлисҳои  тантанвӣ  баргузор  намуда, дар  бораи  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, шакли  идораи  Президентӣ  шарҳу тавзеҳ доданд.   Раиси  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия  Ализода  Сурайё зимни баромади хеш қайд  намуд, ки  ҳамасола  16-уми  ноябр мувофиқи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  рӯзҳои     ид»  ҳамчун  Рӯзи  Президент  ҷашн  гирифта  мешавад. Маҳз  тавассути  заҳмату  ақли  хиради беназири  ин  фарзанди  фарзонаи  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  кишварамон  сулҳу  ваҳдати  пойдор  барқарор  гашт.

Иштирокдорони  маҷлисҳои  тантанавӣ   якдилона Эмомалӣ  Раҳмонро  барҳақ   меъмори   сулҳу  Истиқлолияти  давлати миллӣ- Пешвои  миллати  мо  ҳисобиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg