БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ИФТИХОРИ МО - ТОҶИКОН АСТ!

ХУРОСОН.  Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури  Хуросон” чорабинӣ таҳти  унвони  “Президенти кишвар- ифтихори мост!” доир карда шуд.

Дар он  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор  иштирок намуда,  оид ба  хизматҳои шоёни  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  барои  халқу давлати мо суханронӣ  намуд. Инчунин, мавсуф дар идомаи андешаронӣ  зикр кард, ки маҳз бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  халқи Тоҷикистон ба эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт. Ҳамчунин дигар баромадкунандагон низ фикру андешаҳои хешро вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта, афзуданд, ки воқеан Президенти мо ифтихори мо мардуми тоҷик дар ҷаҳон аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg