БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БО ПРЕЗИДЕНТИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ!

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди оқилу фозил ва хирадмандест, ки давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид, инъикосгари шӯълаи умед баҳри фардои дурахшон ва бо қадамҳои қатъӣ ба сӯи сулҳу осоиш, рушди босуботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро натанҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд ва ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад. Зеро Ватани азизамон- Тоҷикистон ҳаррӯза дар пешрафту тараққиёт аст. Ва нн ҳама заҳмату талошҳои Президенти кишвар ба ҳисоб меравад.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби Олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолит шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Таърих гувоҳ аст, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Аз ин сабаб ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Дилшодова Фотима, узви фаъоли ҲХДТ, омӯзгори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg