БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагии миллати мост!

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба 21 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Литсейи касбии саноатӣ-кимиёвии шаҳри Левакант бо донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон  мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат ва Бобоҷонова Гулҷаҳон иштирок карданд.

Назарова  Фароғат зимни суханронии худ иброз дошт, ки 21 сол қабл, 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рӯйдоди бузурге ба вуқӯъ пайваст, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввулоти бунёдӣ гардид.

Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба муноқишаи бемаънии панҷсола хотима гузошта шуд.

Аз ҳамон рӯз эътиборан ҳар сол 27-уми июн дар Тоҷикистон ҳамчун санаи мубораки Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими  миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg