БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОЕ, КИ ДИЛАШ МОЯИ ХИРАД АСТ

АНДЕША. Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш оид ба шоҳи одил Нӯшервон ва вазири хирадманди ў Бузургмеҳр маълумот дода, дар абёти равоне мазмуни зеринро дарҷ кардааст:  «Дарахте, ки дар ҷаҳон пойдор аст ва ҳосили он ҳамаро нофеъ бувад, дарахти хирад аст. Нахустин меваи ин дарахт дили инсон аст, ки шахсро ба олами нузҳату накӯӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят мекунад. Инсони хирадманд ба халқ хидмат карданро рисолати худ медонад, ки ин арзиши олӣ ва беҳамтост».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихие ҳастанд, ки барҳақ, дил ва шуурашон мамлўъ аз хирад аст. Хирадмандӣ, такя ба нерӯи тавонои халқ, шуҷоату далерӣ, олиҳиммативу баландназарӣ ва дар айни замон фурӯтанию хоксории ин фарзанди номдори халқ миллати соҳибдилеро ба худаш шиносонд ва Тоҷикистони моро ҳамчун давлати қудратманду сулҳпарвар ба аҳли олам муаррифӣ кард.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон таҷрибаи беназири меъмории сулҳ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон вирди забонҳост. Ин таҷриба мавзӯи маърӯзаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ шудааст.

Дар ҷашни Рӯзи Президент ва 29-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ кардан, мехоҳам нуқтаи муҳимеро ёдовар созам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба бўҳрони шадид мувоҷеҳ шуда буд. Он замон мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гашта буд.

Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерӯҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.

Аввалин даъват дар нахустин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шӯълаи умед бахшанд. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшиданд.

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир, ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додаанд. Он кас аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сардори давлат интихоб шуданашон роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиданд ва барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шахсан саъю талош меварзиданд.

Пешвои миллат кори давлатдориро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз карданд. Ба вуҷуди ҳама мушкилот, соли 1999 дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии тоҷикон буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

Раҳматуллоев М., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg