БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАДБИРҲОИ ХИРАДМАНДОНА ВА САРҶАМЪИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Амонатбонк”-и шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, собиқадори ҳизб Ҳикматулло Султонов ва сармуҳаррири рӯзномаи “Нури Сарбанд” Орзу Ашуров иштирок ва  баромад намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора зимни баромади хеш қайд намуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам барои халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳамияти таърихи-умумҷаҳонӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихӣ ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта шуда,  ҳукумати қонунӣ барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузошта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд.

Дар оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон дар амнтарин гӯшаи Ватан - Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, қалбҳои пурдарду ғаму андуҳро шуълаи умеду боварӣ ба фардои дурахшони кишвар бахшид. Иҷлосияи мазкур аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg