БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳр бахшида ба Рӯзи Президент вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иштирок доштанд.

Нахуст раиси ҷамоати деҳоти Ваҳдат Фаррух Султонов маҷлисро оғоз намуда, қайд кард, ки бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  Низора Каниева ба сухан баромада қайд намуд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg