БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ БА СӮИ ОЯНДАИ ХЕШ УСТУВОРОНА ҚАДАМ МЕГУЗОРАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Президенти ман- ифтихори ман! ” доир гардид, ки дар он мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Набиева Фирӯза, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Каниева Низора ва намояндаи бахши маорифи шаҳр Гулакова Марзия иштирок ва  суханронӣ намуданд.

Мизи мудаварро мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Набиева Фирӯза  ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории ҷамъомадро шарҳ дода, қайд намуд, ки ҳамасола 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки миллат пеши роҳи хатари нобудии онро гирифта шуд, оташи ҷанги дохилӣ хомўш гардид, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор гашт, артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадӣ таъсис ёфт, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё шуд, заминаи сулҳи миллӣ матраҳ гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шуд, ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ гардид, заминаҳои эҳёи миллӣ фароҳам омад, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшида шуд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум ба куллӣ беҳтар гардид, эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Сипас Каниева Низора ба сухан баромада қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рӯйдоди тақдирсози миллат аст, набояд аз ёдҳо дур сохт. Ба ёд орем, ки чӣ рӯзгорро пушти сар кардем ва чӣ чизе ба худ омӯхтем. Ягона қарори дурусти қабул­кардаи мо, вакилони Иҷлосияи 16-ум он буд, ки ба Сарварии давлат, ба Раисии Шӯрои Олии кишвар Пешвои асил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намудем. Ҳаёт собит кард, ки ин интихоби дуруст ва ба маврид аст.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg