БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ ҲХДТ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова Миҷгона, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Шукруллозода Дилафрӯз, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ Тариқ ва устодону донишҷӯёни ин донишкада чорабинии калони ҳизбӣ баргузор шуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ дар вазъияти танатанавӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловашоҳ Тариқ, аъзои фаъоли ҳизб Ализода Аҳмадҷон Абдуқодир ва Асадуллозода Самиаллоҳ Асадулло бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова Миҷгона дар вазъияти мутантан ба якчанд нафар аъзои ба тозагӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg