БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсейи касбӣ-техникӣ”-и ноҳия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Мо - пайравони Пешвои миллат” бо иштироки кулли ҷонибдорон, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.

Саравал хонандагон қироати шеъру суруд намуда, вобаста ба  ин рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз маълумотҳо доданд. Сипас, якчанд фаъолон ва омӯзгорони ин даргоҳи маърифат дар вазъияти тантанавӣ аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон карда шуда, соҳиби билети ҳизбӣ гардиданд. Дар охир ҳамаи иштирокдорон иброз доштанд, ки мо пайрави Президент ҳастем ва амалҳои неки эшонро сармашқи кори худ қарор дода, ифтихор аз он дорем, ки мо аъзои ҲХДТ мебошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg