ЁВОН. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқ намудани сиёсати инсонпарварона ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 Бобизода Гулшан аз ҳисоби маблағгузории Кумитаи волидайн ба ятимон ва хонандагони аз оилаҳои камбизоат сару либоси зимистона тақдим карда шуд.
Зимни тақдими сару либоси зимистона муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат суханронӣ намуда, иқдоми директори муассисаро давоми иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.