ЁВОН. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни идона, фарҳангию маърифатӣ, варзишию оммавӣ дар қаламрави ноҳияи Ёвон доир гардид.
Чорабинии идона дар Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, фаъолон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби баромадкунандагон таъкид гардид, ки Иҷлосия – неъматест бебаҳову сарнавиштсоз, ки дар баробари баргузор гардидани он орзуву омоли халқу миллат бароварда шуд. Маҳз бо шарофати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистон барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ихтиёр намуд.