БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ СУБОТУ ОРОМӢ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ДӮСТӢ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ва гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, оид ба ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба вазъи имрӯза, таъмини сулҳу субот, тарғиби таҳаммулпазирию муттаҳидӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, бо сокинони Ҷамоати деҳоти Нури Вахш суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ва гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ғуломов М., раиси собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода А., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов А., муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дӯстӣ Машғулзода Д. ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Баромадкунандагон вобаста ба вазъияти сиёсии минтақа, нақши Пешвои миллат дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg