БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

ВОСЕЪ. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло баромад намуда, кулли сокинонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки баробари Истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем.

Бояд қайд намоем, ки дар чорабинии баргузоргардида, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ баромад намуда, дар бораи қаҳрамониҳо ва ҷонгудозиҳои  Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҳунарии худ саҳначаҳо оид ба хизматҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро манзури тамошобинон гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg