БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ҶАВОНОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии баргузоргардида масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуда иброз доштанд, ки хидматҳои бузургу бемисли Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу андешаи мо, ҷавонон, аллакай ҳукми як Пешвои ҳақиқии миллатро соҳиб шуда, боз хислатҳову унвони раҳнамо, ҳидоятгар, мушкилкушо, фотеҳ, наҷотбахш, пуштибон, ҳомӣ, қаҳрамони миллат, сафири сулҳ, нигоҳдорандаи тамомияти арзию марзиро зам менамояд.

Дар идома Назарова Лайли-аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия оид ба  Иҷлосияи тақдирсози миллат баромад намуд.

Дар чорабинӣ хонандагони муассисаи номбурда бо саҳначаҳо, шеърҳо ва сурудҳои дилангез дар васфи Пешвои миллат иҷро намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg