БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Манзилии коммуналии КФД-об”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ Мирзоев Сафаралӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия иштирокдоронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки баробари Истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳматов Маъруф иброз намуд, ки ҳамаи мо кормандон бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан кору фаъолият намуда,  саҳми худро дар пешрафту тараққиёти ин сарзамини бебаҳо мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg