ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва иҷрои нақша -чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ин даргоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ иштирок намуда, иштирокдоронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба нақши Пешвои миллат доир ба фаъолият ва таҳкими давлатдории мардуми Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар идома ҷавонон иброз доштанд, ки ҷавобан ба он заҳмату талошҳое, ки Пешвои миллат барои халқи тоҷик ва барои мо ҷавонон кардаанд, сидқан таҳсил намуда, баҳри ояндаи давлат, ояндаи миллат ва ояндаи дурахшони хеш хизмат менамоем.