ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №61”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Дар ин намоиш мутасадиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, вобаста ба фаъолият ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, диққати ҷамъшудагонро ба фаъолияти пурсамар, ваҳдатофари Пешвои миллат ҷалб намуданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ хонандагон ва омӯзгорон вобаста ба қаҳрамониҳои Пешвои миллат ҷиҳати аз вартаи нобудшавӣ наҷот додани давлати тоҷикон баромадҳо намуданд.