БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳия бо иштироки аъзои фаъолони ҳизб маҷлиси тантанавӣ баргузор намуданд.

Масъулини  Кумитаи иҷроия дар ноҳия қайд намуданд, ки ҳамасола 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки  тавассути заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин шахси хирадманд дар кишварамон сулҳу ваҳдати пойдору барқарор гашт.

Дар идома иштирокдорон иброз намуданд, ки талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллатро ҳамаи мо шоҳид ҳастем ва дар баробари заҳматҳои эшон кӯшиш менамоем, ки бо меҳнати софдилонаву арзанда баҳри гулгулшукуфоии меҳани хеш ва солимии ҷомеа сидқан талош менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg